21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббусҳои Тоҷикистон ба идоракунии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт мусоидат менамоянд

Март 21, 2025 08:49

ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудааст, ки шуруъ аз имрӯз ва имсол ҳамасола дар ҷаҳон таҷлил мешавад. Нақши пиряхҳо дар таҳаввулоти кураи Замин ва инсоният хеле бузург аст. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон пиряхҳо босуръат кам мешаванд. Тахмин мезананд, ки то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт.

Сардори шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Худодод Қудратов оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он чунин ибрози назар намуд:

— Тағйирёбии иқлим ба тағйирёбии дарозмуддати ҳарорат ва обу ҳаво вобастагӣ дошта, чунин тағйирот метавонанд табиӣ бошанд, аммо ба он таъсири инсоният низ назаррас аст. Сӯзишвории истихроҷшаванда, аз қабили ангишт, нафт ва газҳо сӯхта, боиси партовҳои газҳои гулхонаӣ мешаванд, ки ин партовҳо ҳамчун кӯрпае дар атрофи Замин печонида шуда, гармии Офтобро нигоҳ дошта, ҳарорати Заминро баланд карда, шароити обу ҳаворо тағйир медиҳанд.

Дар айни замон тағйирёбии имрӯзаи иқлим дар доираи гармшавии глобалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Гармшавии глобалӣ боиси тағйир ёфтани давраҳои обшиносӣ, обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи баҳр, хушксолӣ ва мавҷҳои ҳавои гарм аз рӯи басомад, мушоҳида аз бориши шадид ва обхезиҳо, инчунин таъсири манфии системаҳои экологӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи таъсири он қарор дорад.

Тоҷикистон мамлакати кӯҳӣ буда, 93 фоизи ҳудуди онро кӯҳҳо ишғол намуда, танҳо 7 фоизро ҳамвориҳо ташкил медиҳанд. Тағйирёбии баландиҳои мутлақи он аз 300 то 7495 метр аз сатҳи баҳрро ташкил дода, тақрибан нисфи қаламрави он дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.

Иқлими Тоҷикистон бо сабаби мавқеи ҷойгиршавиаш дар  маркази қитъаи Авруосиё дар байни хатҳои субтропикӣ ва миёнаи  континенталӣ (тобистони хушк ва зимистони сард) мебошад.  Хусусияти хоси иқлимии он шиддатнокии баланди радиатсияи Офтоб, хушкӣ, камабрӣ, давомнокии нурафшонии офтобӣ, тағйироти якбораи ҳарорати рӯзона ва мавсимӣ, тақсимоти нобаробари бориши мавсимӣ ва чангу ғуборшавӣ ба ҳисоб меравад. Аммо ин хусусият вобаста ба гуногунрангии сатҳи Замин барои минтақаҳои алоҳида ба таври гуногун зоҳир мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеияти тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои онро барои ҷумҳурӣ дарк намуда, барои ҳалли ин мушкилот тадбирҳои муҳим меандешад ва инчунин тамоми талошҳоро ба рафъи хатарҳои тағйирёбии иқлим равона мекунад.

«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» таҳия шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро қабул намуд, ки ба ҳуҷҷати стратегӣ барои амалисозии Созишномаи Париж табдил ёфтааст. Ин стратегия иттилооти заруриро барои муайян намудани хавфҳо, таҳдидҳо ва чораҳои мутобиқшавии вобаста ба тағйирёбии иқлим ҷамъбаст менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор бахши афзалиятдорро муайян намудааст, ки онҳо ҳам ба тағйирёбии иқлим ҳассос мебошанд ва ҳам ба рушд ниёз доранд: 1) энергетика; 2) захираҳои обӣ; 3) нақлиёт; ва 4) кишоварзӣ. Дар стратегия чораҳои мутобиқшавӣ дар бахшҳои асосии иқтисод баён шуда, механизмҳо ва манбаъҳои маблағгузорӣ пешниҳод шудаанд.

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ, ки манбаи бонуфузи иттилоот дар низоми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои обу ҳаво, иқлим ва об ба ҳисоб меравад, консентратсияи газҳои асосии гармхонаӣ — гази карбон, метан ва оксиди азот соли 2021 боз ба сатҳи рекордӣ расид.

Ҳиссаи Тоҷикистон дар партовҳои газҳои гармхонавӣ дар ҷаҳон ночиз аст, аммо Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои аз ҷиҳати тағйирёбии иқлим осебпазир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Таъсири тағйирёбии иқлим дар тамоми сатҳҳои системавӣ- глобалӣ, минтақавӣ, зерминтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ аён аст. Дар баробари ин обшавӣ ва коҳишёбии пиряхҳои марбут ба тағйирёбии иқлим барои Тоҷикистон ташвишовар аст, зеро пиряхҳо ва захираҳои барфии Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обӣ дар минтақа мебошанд. Тақрибан 30 фоиз ҳаҷми пиряхҳо аз соли 1930 то инҷониб нест шуда, сатҳи обшавии солона аз 0,5-0,8 фоизро ташкил медиҳад. Калонтарин пирях дар Тоҷикистон пиряхи Ванҷях (Федченко) дар масофаи 1 километр ақиб рафта, аз аввали асри ХХ тақрибан 5 км2 яхро талаф дод. Пиряхҳои хурд дар мамлакатҳои поёноб аз тағйирёбии иқлим бештар таъсирпазиранд ва бо суръати зиёд об мешаванд. Масалан, пиряхи Даҳандара бо масоҳати камтар аз 1 км2, ки дар болооби дарёи Қаратоғ ҷойгир аст, қариб, ки аз байн рафтааст. Давоми солҳои 1927-2017 андозаи пиряхи Зарафшон 10 фоиз коҳиш ёфта, ба ҳисоби миёна 2,7 километр ақиб рафтааст.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ ба тағйирёбии иқлим ва рӯйдодҳои шадид ба иқлим ҳассос мебошанд. Азбаски системаҳои энергетикӣ ва обӣ ба ҳам алоқаманданд, тағйирёбии бориш, хатари баланди хушксолӣ, коҳиши барф ва пиряхҳои обшаванда метавонанд ба истеҳсол ва таъминоти барқ таъсири манфӣ расонанд.

Тағйирёбии иқлим метавонад ба кишоварзӣ, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, таъсир расонад. Сабаби хушксолиҳои тағйирёбии иқлим, коҳиш ёфтани ҳосилнокии заминҳои корам, коҳиши ҳосил ва истеҳсолот, инчунин таназзули зироаткорӣ ва талафи чорводорӣ ба деҳқонони тоҷик таъсири манфӣ расонида метавонад.

Бахши нақлиёт инчунин метавонад аз таъсири тағйирёбии иқлим бинобар мушкилоти инфрасохтор мустақиман таъсирпазир бошад. Роҳҳои нақлиётгард ва оҳан ба обхезии бештар ё шадид дучор хоҳанд шуд. Баландшавии бориши шадид ва обхезӣ метавонад боиси бад шудани инфрасохтори роҳҳо гардад. Омилҳои дигар- обшавии яхбандии доимӣ дар баландкӯҳҳо ва шамолҳои сахт метавонанд ба кандашавии хатҳои интиқоли барқ, бад шудани роҳҳо ва пулҳо дар ноҳияҳои баландкӯҳ оварда расонанд.

Тағйирёбии иқлим ба дигар соҳаҳои муҳим, аз қабили тандурустӣ, гендерӣ, гуногунии биологӣ ва маориф таъсир хоҳад расонид.

Хатарҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва қабули чораҳои мутобиқшавӣ барои кам кардани ин хатарҳо барои аҳолӣ ва бахшҳои калидии иқтисодиёт унсурҳои муҳими «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то 2030» мебошанд.

Президенти Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои асосии оби тоза-яъне захираи пиряхҳо ва таъсиси Фонди махсус барои омӯзиш, ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо борҳо таъкид намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли ин проблема даъват намуданд.

Хушбахтона, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доир ба масъалаҳои об, иқлим ва пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ пешниҳод мегарданд, ба паст гардонидани хавфи офатҳои табиӣ, идоракунии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла, кишоварзӣ, хоҷагии об, энергетика ва нақлиёт мусоидат менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 21, 2025 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ доир ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мешаванд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд
Имрӯз-Рӯзи умумиҷаҳонии назм. Тамоми суннату маросим ва ҷашнҳои миллӣ дар Тоҷикистон тавъам бо шеър мебошанд
21 март — Рӯзи байналмилалии замин. Рӯзи Замин ва ҷашни Наврӯз бо ҳам пайванди амиқ доранд
Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо — ду ҷашне, ки аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон сарчашма мегиранд
Доир ба ҳифзи пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бо Пешвои муаззаму сулҳофар ифтихор менамоем!
Дидгоҳи Президенти Тоҷикистон оид ба меъёрҳои густариши худшиносии миллӣ
20 март дар Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг таҷлил мешавад