23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд

Март 23, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 23.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳавошиносони тоҷик дар пешгӯии боду ҳавои мамлакат асосан аз моделҳои пешрафтаи Амрико, Британияи Кабир, Русия, Олмон, Ҷопон ва дигар давлатҳо истифода менамоянд, ки дурустии онҳо то 85 фоизро ташкил медиҳад», — чунин иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии ҳавошиносон-метеорологҳо, ки ҳамасола 23 март таҷлил мегардад.

Ин сана аз таъсиси Созмони ҷаҳонии метеорологӣ /WMO/ дар соли 1873 ва 23 марти соли 1950 эътибор пайдо намудани Конвенсияи WMO сарчашма мегирад. Ҷамила Байдуллоева афзуд, ки обуҳавошиносони тоҷик инчунин дар ҳар се соат ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ доир ба вазъи об ва боду ҳавои мамлакат маълумот пешниҳод менамоянд.

Нахустин нуқтаи обуҳавосанҷӣ дар Хуҷанд таъсис дода шуд

Дар Тоҷикистон нахустин нуқтаи обуҳавосанҷӣ соли 1866 дар Хуҷанд ва баъдан дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар ва Мурғоб таъсис дода шудааст.

Соли 1926 дар Душанбе хадамоти обуҳавосанҷӣ ташкил карда шуд, ки ин ниҳод ба таъсиси Агентии обуҳавошиносӣ дар ҷумҳурӣ замина гузошт.

Ҷамила Байдуллоева мегӯяд, ки давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ соҳаи обуҳавошиносии мамлакат рушд намуда, Тоҷикистон аъзои Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ /СҶҲ/ гардид. Бо узвият дар ин созмон Тоҷикистон уҳдадор гардидааст, ки бо давлатҳои аъзои ин ташкилот дар пешбурди соҳа ҳамкории густурда намуда, барои табодули маълумот ва пешгӯиҳои марбут ба вазъи боду ҳаво, омӯзиши вазъи тағйирёбии иқлим ва гардишҳои атмосферӣ ҳамкориро тақвият бахшад.

60 нуқтаи ҳавосанҷӣ ҳамарӯза маълумот пешниҳод менамояд

Ҳоло беш аз 60 нуқтаи ҳавосанҷӣ дар ҷумҳурӣ ҳамарӯза доир ба вазъи боду ҳаво, ҳарорати ҳаво, бориш, самту суръати шамол ва дигар равандҳои атмосферӣ ба Маркази обуҳавошиносии мамлакат маълумот пешниҳод менамояд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 16 нуқтаи худкори обсанҷӣ ва 16 нуқтаи худкор оид ба муайян намудани сифати ҳаво фаъолият менамоянд, ки дар пешниҳоди маълумот доир ба пасту баландшавии сатҳи оби дарёҳо, ҷараёни он ва муайян намудани сатҳи ғализии ҳавои атмосфера нақши муҳим мебозанд.

Тоҷикистон аъзои WMO мебошад

WMO сохтори махсуси байниҳукуматии Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки имрӯз 185 давлатро муттаҳид менамояд. Он дар соҳаи гидрометеорология ва гидрологияи фаврӣ ҳамкории густурдаи байналмилалӣ намуда, ҳамкории мутақобили низоми глобалӣ, минтақавӣ ва миллии мушоҳидаи обу ҳаворо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳамоҳанг месозад. Инчунин мубодилаи байналмилалии маълумот ва маҳсулоти гидрометеорологӣ- пешгӯиҳо, харитаҳо, таҳқиқот ва обуҳавошиносиро ба роҳ мемонад.

Беш аз 15 миллион аломат ва 2000 харитаи вазъи ҳаво

Дар айни замон Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ ҷамъоварӣ, коркард ва паҳн кардани маълумоти метеорологӣ, омӯзиши уқёнусҳо ва иттилоотро аз низоми моҳвораҳои метеорологии қутбӣ ва истгоҳҳои ҷуғрофии моҳворавии метеорологии тақрибан 10000 истгоҳ, ки дар хушкӣ воқеанд, 1000 истгоҳи болоии ҳавоӣ, 7300 киштӣ, 900 киштии ҳавоӣ ва 3000 ҳавопаймо ҳамоҳанг карда, ҳар рӯз 70 000 мушоҳидаи иловагӣ пешниҳод менамояд. Шабакаи беназире, ки аз се маркази ҷаҳонии метеорологӣ -Вашингтон, Мелбурн, Москва, 4 маркази минтақавӣ ва 185 маркази миллӣ иборат аст, ҳамарӯза дар саросари ҷаҳон маълумотро дар ҳаҷми беш аз 15 миллион аломат ва 2000 харитаи вазъи ҳаво ба таври фаврӣ ҷамъоварӣ, коркард ва интиқол медиҳад.

Танҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутахассис- метеоролог омода карда мешавад

Тавре Ҷамила Байдуллоева гуфт, дар Тоҷикистон танҳо дар кафедраи иқлимшиносӣ ва метеорологияи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мутахассис-метеоролог омода карда мешавад. Ҳоло дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат беш аз 700 мутахассис фаъолият намуда, бархе аз онҳо дар давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон давраҳои омӯзишӣ гузашта, такмили ихтисос намудаанд. Озмоишгоҳи Агентии обуҳавошиносӣ бо дастгоҳҳои муосир барои гузаронидани санҷишҳои ташхиси обҳои рӯизаминӣ, сифати ҳавои фазо ва санҷишу таъмири асбоби обуҳавосанҷӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Истифода аз харитаҳои ёрирасони обуҳавосанҷии моҳвораи «МETEOSAT-8»

Маркази обуҳавошиносӣ бо таҷҳизоту барномаҳои муосири компютерӣ, алоқаи моҳвораӣ ва моделҳои пешгӯии вазъи обу ҳаво ҷиҳозонида шудааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 89 дидбонгоҳи обченкунӣ, 21 нуқтаи ченкунии сифати фазои ҳаво дар шаҳрҳои калон фаъолият доранд, ки маълумоти ҳаррӯзаи вазъи боду ҳаво, ҳарорати ҳаво, бориш, самту суръати шамол, чангу ғубор ва туманро коркард менамоянд. Дар Марказ дастгоҳҳои муосири истеҳсоли давлатҳои Швейтсария, Финландия, Амрико ва Олмон барои ташхису танзими дастгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дастрас ва насб гардидаанд, ки дар миқёси Осиёи Марказӣ яке аз марказҳои танзими пешқадам эътироф гардидаанд. Инчунин дар шаҳрҳои Бохтар, Гулистон ва Хоруғ марказҳои обуҳавосанҷии минтақавии Агентӣ фаъолият доранд. Барои тартиб додани пешгӯиҳои якшабонарӯзӣ аз харитаҳои ёрирасони обуҳавосанҷии моҳвораи «МETEOSAT-8» — Маркази моҳворагии аврупоӣ самаранок истифода бурда мешавад.

Барои фаъолияти ҳавошиносон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст

Дар шароити тағйирёбии иқлим фароҳам гардидани шароити муосир ҳавошиносони тоҷикро водор месозад, ки фаъолияти пурсамар дошта бошанд. «Соли 2021 кормандони Агентии обуҳавошиносӣ соҳиби бинои нав гардиданд, ки дар он барои фаъолияти пурсамари кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосиру пешрафта ва технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ таъминанд»,- мегӯяд Ҷамила Байдуллоева.

Пешниҳоди маълумоти саҳеҳу саривақтӣ — рисолати ҳавошиносон

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, дар шароити тағйирёбии иқлим фароҳам гардидани шароити муосир ва муҷаҳҳаз гардонидани бинои нав бо таҷҳизоти муосир кормандони Агентии обуҳавошиносиро водор месозад, ки фаъолияти пурсамар намоянд ва маълумоти саҳеҳу саривақтиро оид ба вазъи обу ҳавои мамлакат пешниҳоди аҳолӣ ва идораҳои давлатӣ созанд. Зеро пешрафти соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба маълумоти обуҳавошиносон иртиботи ногусастанӣ дорад.

Дар Рӯзи ҷаҳонии метеорологҳо Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Дар посух ба ин савол Ҷамила Байдуллоева чунин посух дод: 23 март дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво рӯзона то 19 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш буда, шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона -11-16 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.

Дар ин рӯз ҳавои вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш буда, шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 23, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОНРО ГУМ МАКУН!». Миллати тоҷик имрӯз дар ҳавои муҳаббату дӯстӣ ва амнияти миллӣ сарбаландона зиндагӣ дорад
Оростани хони наврӯзӣ бо рамзҳои «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» нишони файзу баракат ва фардои дурахшон ҳисобида мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сиёҳалафро барои муолиҷаи бемориҳои рӯда ва захми меъда истифода мебаранд
Ҷашни Наврӯз ҳикмати бузурги фалсафаи зиндагӣ ва сарнавишти мардуми тоҷик аст
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Дар вилояти Хатлон ҷашни Наврӯз бо анъанаҳои хос таҷлил мегардад
24 март — Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ. То соли 2040 дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
Муҳиба Маҳмадҷонова: «Наврӯз бо рамз ва хусусияти худ муттаҳидгари ҷомеа ва тамаддунҳо аст»
Истеъмоли ҷаъфарӣ қанди хунро муътадил нигоҳ дошта, барои беморони тарбод ва зардпарвин фоида дорад
НАВРӮЗИ БАДАХШОН. Дар сафеднамоӣ ва наққошии хона тамоми аъзои хонавода иштирок менамоянд
Наврӯзи ҷаҳонӣ – ҷашне, ки башариятро ба сулҳу ваҳдат даъват намуда, ихтилофот ва бегонагиҳои байни халқҳоро решакан месозад
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 39 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад