24 март — Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ. То соли 2040 дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
ДУШАНБЕ, 24.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» дар мамлакат беш аз ду миллиард бех ниҳол шинонида шуда, Тоҷикистон ба «Кишвари сабз» табдил дода мешавад. Ҳадафи эълон гардидани Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти арҷ гузоштан ба зебоӣ ва ободонӣ аст.
Дар Тоҷикистон 24 март Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эълон гардидааст. Ин сана бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 дар анҷоми тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт пешниҳод гардида буд. Ҳадафи эълон гардидани 24 март Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти арҷ гузоштан ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати сокинони ҷумҳурӣ ба гулпарварӣ, ниҳолшинонӣ ва ҳифзи мероси табиӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии тирамоҳу баҳори солҳои 2023-2024 беш аз 3 миллион бех ниҳол ва 14 миллион бех гулу бутта шинонида шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар ҷумҳурӣ ба ҷойи 2 миллиону 418 ҳазору 696 бех ниҳоли дарахтон, ки барои шинонидан ба нақша гирифта шуда буд, беш аз 3 миллиону 139 ҳазору 504 бех ниҳол шинонида шуд. Инчунин бо мақсади ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар саросари ҷумҳурӣ 14 миллиону 568 ҳазору 860 бех гулу буттаҳо шинонида шуда, майдони 266 ҳазору 647 метри мураббаъ майсазор гардонида шуд.
Гул ба муҳити зист зебоӣ ва тароват мебахшад
Гул зеботарин ҷузъи табиат мебошад, ки парвариши навъҳои гуногуни он дар иқлими Тоҷикистон ба мо аз ниёгонамон мерос мондааст. Гул бо зебоӣ ва ҷаззобияти худ инсонро мафтун намуда, эҳсоси хушҳолӣ мебахшад. Ин аст, ки занону духтарон аксаран дар хонаю ҳавлӣ ва ҷойҳои кор навъҳои гуногуни гулҳоро парвариш менамоянд, то ба муҳити атроф зебоӣ зам намояд.
Дар Душанбе озмуни «Сайри гули лола» гузаронида мешавад
Бояд гуфт, ки аз соли 2019 инҷониб дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» гузаронида мешавад. Ҳадафи асосии озмун густариши корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар шаҳру ноҳия, деҳоту маҳаллаҳо ва инчунин ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ мебошад. Дар ин замина ҳамасола дар кӯчаю шафати роҳҳои пойтахти ҷумҳурӣ гулҳои рангоранг, хусусан лола, садбарг, бунафшаю савсан шинонида мешаванд, ки ба ҳусни шаҳри Душанбе таровату зебоии беандоза зам менамоянд.
То охири соли 2027 дар ҳазорҳо гектар ниҳолу буттаҳо шинонида мешаванд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли 2027 дар доираи Барномаи «Кишвари сабз» дар ҳазорҳо гектар ниҳолу буттаҳо мешинонад. Барнома, ки барои солҳои 2023-2027 қабул шудааст, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз», таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзор, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад.
Барнома дар ду давра амалӣ мешавад. Тибқи нақша, дар давраи аввал, ки солҳои 2023-2025-ро дар бар мегирад, дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион бех дарахту бутта шинонида мешавад.
Дар доираи барнома майдони бештари сабзкориро дарахтони мевадиҳанда (420 гектар), хуч (370 гектар) ва санавбар (325 гектар) ташкил хоҳанд дод. Ҳамчунин 5 намуди дигари дарахт дар назар гирифта шудааст: сафедор, ақоқиёи сафед, павловний, сарвиноз ва саксавул, ки барои ҳар яки онҳо аз 200 то 275 гектар замин ҷудо мегардад.
Мувофиқи иқлими маҳаллӣ, дар майдони 20 гектар дар шаҳри Душанбе ва 275 гектар замини теппаҳои навоҳии атрофи пойтахт рустаниҳои ороишӣ, ҳамешасабз ва сояафкан шинонида мешаванд. Шинонидани ниҳолҳо ва барқарорсозии ҷангалзори ҳудуди Боғи «Ғалаба» дар майдони 15 гектар низ пешбинӣ шудааст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 285 гектар дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз (110 гектар) шинонида мешаванд. Боғҳои хуч (70 гектар) ва ангат (60 гектар) бунёд мегарданд, ки аҳамияти иқтисодӣ низ доранд. Дар 45 гектар дарахтони мевадиҳанда ва чормағз парвариш карда мешаванд. Дар ноҳияи Мурғоб 60 гектар заминро ниҳолҳои хуч, терескен, сафедор ва бед ташкил мекунанд.
Дар вилояти Суғд дар 755 гектар ниҳолҳо шинонида мешаванд. Шинонидани санавбар ва саксавул, дарахтони гуногуни мевадиҳанда ва хуч, бунёди боғҳои сафедор, ақоқиёи сафед, павловний ва ангат дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 150 гектар замин сарсабз карда мешавад. Дар ин ҷо дарахтони мева 240 гектарро ташкил медиҳанд. Барои кишти санавбар, сарвиноз, сафедор, саксавул, ақоқиёи сафед, павловний ва хуч майдонҳои васеъ ҷудо мегарданд. Ҳамин гуна ниҳолҳо дар 515 гектар замини шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ шинонида мешаванд.
Дар чорчӯби барнома ду тарафи тамоми шоҳроҳҳои Тоҷикистон сабзазор гардида, парвариши ниҳолҳои чормағз, писта, олу, бодом ва дигар зироати ҷангалии худрӯ ва бунёди ҷангалзор бо истифода аз дастовардҳои селексионӣ дар назар аст. Ҳудуди минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда, хусусан ҳудуди заминҳои Мамнуъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум», Боғи табиии Сари Хосор, Боғи таърихию табиии Ширкент ва Парки миллии Яғноб васеъ карда шуда, барқарор намудани ҷангалҳои табиии арча, тутзор ва чинор пешбинӣ шудааст. Дар ҳолати иҷрои пурраи барнома барои ташаккули гуногунии биологӣ ва экологӣ, ландшафтҳои табиӣ, объектҳои нодири табиӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Технологияи ниҳолшинониро бояд риоя намуд
Ҳар сол дар шоҳроҳҳо ва талу теппаҳои мамлакат намудҳои зиёди ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида мешаванд, ки дар натиҷаи риоя накардани технологияҳои ниҳолшинонӣ миқдори зиёди онҳо намесабзанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2023 аз тарзи дарахтшинонӣ дар минтақаҳо интиқод карда, иброз намуданд, ки «бояд ҷой ва навъҳои дарахтро дуруст интихоб кард, то онҳо сабзанд».
Дарахтон ва буттазор заминро аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ медоранд
Афзун кардани дарахтон ва сарсабзнамоӣ имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд. Махсусан, Тоҷикистон минтақае аст, ки ҳангоми кам гардидани дарахтон ва буттаҳо шусташавӣ ва лағжиши замин ба вуҷуд меояд. Дарахтон ва буттазор заминро аз ҳодисаҳои эрозияи шамолу об ҳифз намуда, боиси аз байн нарафтани заминҳои ҳосилхез мегардад.
Як дарахт ҳар рӯз он қадар об хориҷ мекунад, ки таъсири
хунуксозиаш дар натиҷаи ин раванд ба таъсири ду кондитсионери маъмулӣ давоми рӯз баробар аст. Дар як рӯз як гектар ҷангал аз ҳаво 120 – 280 кг гази карбон мегирад, ки дар ҳолати набудани ҷангал гази карбон дар атмосфера мемонад ва таъсири гармшавии ҳаворо зиёд менамояд. Аз ин рӯ, ҳар чӣ бештар бояд гулу бутта ва ниҳол шинонем, то дар татбиқи Барномаи «Кишвари сабз» саҳми назаррас гузорем.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз








Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
Омӯзиши таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳар як ҷавон аҳамияти бузург дорад
Фарҳод Раҳимӣ: «Эмомалӣ Раҳмон дар зеҳни миллӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун Пешвои сулҳпарвар ва раҳнамои ваҳдат ҷойгоҳ пайдо намудаанд»
Таҷассум ва густариши сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат дар пасманзари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
35 СОЛИ ПУР АЗ ШАРАФ, ПИРӮЗӢ, ДАСТОВАРД ВА ИФТИХОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Истиқболи донишмандон ва табибони Эрон аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад»
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид






