Ҷаласаи якуми ҳайати Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи якуми ҳайати Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 таҳти раёсати раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси комиссия доир ба вазифаҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва салоҳияти он тибқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сухан гуфта, вазифаҳои комиссияро дар самти баргузор намудани озмун иброз намуд.
Иброз гардид, ки соли ҳафтум аст, ки озмун таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.
Озмун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат доир мегардад.
Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар соли 2025 номинаи эҷоди назм ва наср тибқи хулоса ва пешниҳоди коршиносон аз низомнома берун карда шуд. Ҳамзамон барои боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён бо дастури Роҳбари давлат ба Низомномаи озмун дар соли 2025 навгониҳо ворид карда шуданд.
Ҳамин тавр, вобаста ба иштирокдорони озмун маҳдудият бартараф карда шуда, минбаъд дар озмун дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла тамоми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ метавонанд фаъолона иштирок намоянд.
Бар замми ин, мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз қабили дастрас намудани китобҳои бадеии электронӣ ба иштирокчиён, аз рӯйи принсипи ягона баҳо гузоштан ба иштирокчиён мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Инчунин таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки баргузории даврҳои сеюм ва чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






