«АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ-КАФИЛИ СОЛИМӢ ВА ДАРОЗУМРӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 01.03.2025. АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии озуқаворӣ» ва Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар мавзуи «Амнияти озуқаворӣ-кафили солимӣ ва дарозумрӣ» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дастёбӣ ба истиқлолияти озуқаворӣ ва амнияти ҷумҳуриро яке аз ҳадафҳои стратегии давлат арзёбӣ намуданд. Дар ин самт махсусан таъкид гардид, ки бахши дигари муҳими иқтисодиёти миллӣ кишоварзӣ мебошад, ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи тавсеаи он вобастагӣ дорад.
Новобаста аз афзоиши талабот ба молу маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути барномаҳои давлатӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳамаи захира ва имконият самаранок истифода бурда, рушди манбаъҳои соҳаи кишоварзиро таъмин менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати кишоварзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки дар шароити болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ Барномаи амнияти озуқавории мамлакатро барои панҷ соли оянда қабул ва амалӣ намоянд.
Нақши донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ дар омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда низ бағоят муҳим аст. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ки яке аз донишгоҳҳои пешбари омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаи саноати хӯрокворӣ мебошад, дар доираи талаботи барномаҳои таълимӣ ва илмӣ аз рӯйи 9 ихтисос мутахассисони соҳаҳои муҳими технологияи хӯрокворӣ, назорати сифат ва бехатарии озуқаворӣ ва дигар самтҳоро омода менамояд.
Дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуъҳои «Бехатарии озуқаворӣ дар истеҳсоли шарбати меваҳо», «Бехатарии ғизо-омили солимии инсон» ва «Моддаҳои фаъоли биологии ашёи хоми растании маҳаллӣ дар таъмини сифат ва бехатарии махсулоти озуқаворӣ» маърузаҳо шунида шуданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст






