Асад Маҷид Хон: «Саҳми Тоҷикистон дар тақвият бахшидани фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ назаррас мебошад»
ДУШАНБЕ, 25.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвият бахшидани фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ назаррас мебошад», — гуфт 25 март пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хон.
Асад Маҷид Хон таъкид намуд, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзнома ва афзалиятҳои соли 2025, аз ҷумла Саммити 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки моҳи июл дар Озарбойҷон баргузор мешавад, баррасӣ гардид.
«Табрикоти самимии худро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатӣ расонидам. Тоҷикистон ва Қирғизистон аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошанд ва ин хеле муҳим аст», — таъкид намуд Асад Маҷид Хон.
Инчунин, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ таъкид кард, ки ба ҷониби Тоҷикистон оид ба ташаббус ва ташкили Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, изҳори сипос намудам.
Асад Маҷид Хон иттилоъ дод, ки дирӯз дар Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон дар Душанбе иштирок намуд.
Ӯ ҷониби Тоҷикистонро даъват намудааст, ки пешоҳангӣ ва роҳбарии худро дар соҳаи саноат, саноати заргарӣ ва ташкили чунин форумҳо идома диҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






