Ба ифтихори Наврӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд

Март 20, 2025 14:27

ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯз – омили ваҳдатсоз ва пайвандгари аслҳо ва наслҳо»- таҳти чунин унвон  дар  рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори  Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Дар конфронси ҷумҳуриявӣ коршиносону донишмандон, адибону шоирон ва аъзои Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок намуда, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам доир ба мақому манзалати ҷашни Наврӯз ҳамчун омили ваҳдатсоз ва пайвандгари аслҳо ва наслҳо сухан намуд.

Инчнуин олимону донишмандон, кормандони масъули муассисаҳои илмию фарҳангии мамлакат ва дигар аъзои Кумитаи иҷроияи  Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзуъҳои «Бозтоби вожаи Наврӯз дар забони шеъри тоҷикӣ», «Инъикоси Наврӯз дар ёдгориҳои Осорхонаи миллӣ», «Наврӯз – ҷашни миллӣ ва мардумии тоҷикон» ва «Иқдоми Тоҷикистон дар ҷаҳонишавии Наврӯз ва нақши он дар гуфтугӯи тамаддунҳо»  маърузаҳои илмӣ намуданд.

Дар анҷом байни иштирокдорони конфронс табодули афкор доир шуд. Аъзои Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ҳайдаршо Пирумшоев ва Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон  доир ба таърих ва суннатҳои ҷашни бостонии Наврӯз, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад, сухан намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 20, 2025 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид