Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо ташаббуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» конфронси илмӣ-оммавӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 04.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик (11 март) ва 100-солагии фаъолияти нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» таҳти унвони «Ҷумҳурият»: сад соли бедории фикрии миллат» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-оммавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.
Рӯзи матбуоти тоҷик падидаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон буда, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1995 инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди матбуоти тоҷик аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ барои фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма шароити мусоид фароҳам овард. Ин аст, ки мавқеи матбуоти тоҷик дар ҷомеа баланд гардид.
Вобаста ба таъсиси аввалин рӯзномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, ки он 15 марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» таъсис ёфта, имрӯз бо номи «Ҷумҳурият» нашр мегардад. Аксари адибони маъруфи тоҷик ва умуман аҳли қалам фаъолияти худро аз воситаҳои ахбори омма оғоз карда, бо онҳо ҳамкории доимӣ доштанд. Онҳо бо ҳамин роҳ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми намоён гузоштанд.
Имрӯз «Ҷумҳурият» рӯзномаи бонуфузтарин ва дӯстдоштании мардуми мо аст. Он имрӯз низ бо фарогирии масъалаҳои ҷиддии замони Истиқлолияти давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ягонагӣ ва Ваҳдати миллии халқамон, тарғиби идеяҳои баланд ва хушиносии миллӣ дар бунёдкорию созандагии мамлакат саҳми бориз мегузорад.
Иштирокчиён зимни конфронс дар мавзуъҳои «Нақши рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар бедории фикрӣ ва ҳувияти миллӣ», «Бозтоби робитаҳои навини Тоҷикистону Узбекистон дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият»», ««Ҷумҳурият»-ойинаи тамомнамои таъриху фарҳанги Тоҷикистон», «Таҳаввули матбуоти даврӣ дар шароити ташаккули журналистикаи чандрасонаӣ», «Солномаи рӯзгори Тоҷикистон»: «Иди тоҷик» — «Ҷумҳурият»», ««Ҷумҳурият» — равнақи маънавии халқи Тоҷикистон» маърузаи илмӣ ва доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти нашрияи «Ҷумҳурият» ва матбуоти даврии тоҷик андешаронӣ намуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»