Вобаста ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва арзёбии илмии равандҳои криосфера конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Февраль 28, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 28.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал бо ташаббуси Маркази омӯзиши пиряхҳо дар якҷоягӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва арзёбии илмии равандҳои криосфера» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни маърузаи мутахассисони самти пиряхшиносии ватанию хориҷӣ маълумоти амиқу дақиқ пешниҳод гардид.

Иброз шуд, ки ташаббуси эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 дар ҷаласаи нахустини Эътилофи обу иқлим муаррифӣ намуда буданд, ки он ба хулосаҳои илмӣ асос ёфтааст.

Зери таъсири тағйирёбии иқлим таназзули криосфера дар саросари олам торафт суръат мегирад. Гузоришҳои байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера дар соли 2019 ва амсиласозии раванди таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо нишон медиҳанд, ки то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд.

Таъкид шуд, ки давоми панҷоҳ соли охир аз шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон беш аз ҳазор пирях пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳои ҷумҳурӣ ба андозаи тақрибан сеяк ҳисса кам гардид. Мониторинг ва таҳқиқоти пиряхҳо барои пешгӯии дастрасии об ва идоракунии устувор дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла кишоварзӣ ва энергетика муҳим мебошанд.

Имрӯзҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо яке аз сохторҳои калидии Академияи миллии илмҳо дар самти омӯзиши пиряхҳо, ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб мегардад.

Марказ дар заминаи татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии ҷумҳурӣ дар самти обу иқлим нақши бориз дошта, аввалин маротиба пас аз соли 1980 таҳия намудани феҳристи пиряхҳои ҷумҳуриро оғоз намуд ва дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Дар заминаи корҳои илмии таҳқиқотӣ ҳаҷми тавозунии пиряхҳои мамлакат ба таҳқиқ ва омӯзиш фаро гирифта шуда, маълумоти он ба шабакаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳои Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ҳамчун натиҷаҳои таҳқиқоти боварибахш ворид мегардад.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва Фаронса Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосфераро қабул намуд, ки дар назди олимону коршиносони соҳаи омӯзиши пиряхҳои ҷумҳурӣ вазифаҳои амиқ мегузорад.

«Конференсияи имрӯза оғози чорабиниҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пас аз оғози расмии Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо маҳсуб мегардад, ки ҳадафи он, қабл аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои олимону коршиносон ва пайвастани илм бо истеҳсолот барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад»,-иброз шуд дар ҷамъомад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 28, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад