Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар заминаи Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи спектроскопияи молекулавӣ бо асбобу технологияи муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, дар озмоишгоҳ 9 номгӯй асбобу технологияи наву замонавӣ насб карда шуданд.
Дар озмоишгоҳ олимон метавонанд таҳқиқот анҷом дода, ҳамзамон ба омӯзиши хусусияти спектралӣ, динамикаи молекулавии растаниҳои полимерӣ ва доруворӣ бо усулҳои резонанси электронию паромагнитӣ, нишонаҳои спинӣ, инфрасурх бо таъсири омилҳои берунӣ, яъне экологӣ, география, радиатсионӣ ва ғайра машғул шаванд. Ҳамзамон кормандони озмоишгоҳ сохт ва таркиби макромолекулаҳои селлюлозаи нахи пахтаро дар зинаҳои муайян омӯхта, таркиби монандии онҳоро дар вобастагӣ аз минтақаҳои гуногун барои растании солим ва носолим муайян менамоянд.
Инчунин дар назар аст, ки кормандони озмоишгоҳ дар оянда барои табобати атрит, бемориҳои пӯст ва ғайра лазерҳои камшиддатро дар тибби ҷумҳурӣ истифода баранд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо кард
22 июн даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз меёбад
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Китоби нав таҳти унвони «Зиёӣ» ба табъ расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид






