«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Бадахшон ғолибони даври вилоятии фестивал муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, дар фестивал занони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, ноҳияи Рӯшон ҷойи 1-ум, шаҳри Хоруғ ҷойи 2-юм ва ноҳияи Ишкошим ҷойи 3-юмро сазовор гардиданд.
Муовини раиси вилоят Муслима Авзалшо иброз дошт, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ҳамасола дар мамлакат бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихор аз Ватан, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик баргузор мегардад.
Ба хотири ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон баргузории чунин фестивалҳо саривақтӣ ва муҳим мебошад.
Ёдовар мешавем, ки даври ҷумҳуриявии Фестивали «Сад ранги чакан» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти нақшдӯзию зардӯзии чаканӣ 5 марти соли равон, дар арафаи Рӯзи Модар дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






