Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи омоданамоии кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва Директори иҷроияи Маркази байналмилалии илм ва технология хонум Карина Ангуэлиева масъалаи тайёрии ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории минбаъда, бахусус дар самтҳои техника, таҳқиқоти илмӣ, омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.
Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки академия бо Маркази байналмилалии илм ва технология дар доираи якчанд лоиҳа ҳамкории гуногунҷабҳа дорад. Дар доираи ин лоиҳаҳо ва дастгирии маъмурияти марказ олимони Академияи миллии илмҳо имкон пайдо менамоянд, ки дар соҳаи илм натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, соҳаи илмро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин вобаста ба баргузор намудани конфронс ва симпозиумҳои сатҳи байналмилалӣ байни олимони академияю марказ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ба мувофиқа омаданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






