Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсия баргузор шуд
КӮЛОБ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 март дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Нақши воситаҳои ахбори оммаи минтақаи Кӯлоб дар таҳкими худшиносии миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дар конфронс иброз гардид, ки дар воқеъ, рӯзноманигорӣ касби бошараф ва пурзаҳмат буда, ба ғайр аз илму дониш инчунин маҳорату истеъдод талаб менамояд. Рӯзноманигорон аз равшанфикрони созандаи ҷомеа буда, бешубҳа, ҷомеаро ба сӯйи музаффарият ва тараққиёт роҳнамоӣ менамоянд ва ин рисолати таърихиро бо сеҳри хома ва қудрати сухани созанда анҷом медиҳанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақш ва ҷойгоҳи аҳли матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар пешбурди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа барҳақ чунин таъкид намудаанд: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст».
Дар ҷамъомад иштирокчиён дар мавзуъҳои «Воситаҳои ахбори оммаи муосир: таҳдидҳо ва дурнамо» ва «Рӯзнома-шоҳроҳи тафаккури миллӣ» маъруза намуданд. Иброз гардид, ки матбуоти тоҷик давоми таърихи мавҷудияташ ҳамеша бозгӯкунандаи вазъи воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳуриамон буда, дар марҳилаи нав барои иҷрои рисолати созандагиву бунёдкорӣ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмию гиромидошти суботи сартосарӣ дар ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мешавад.
Дар ҳамоиш гурӯҳе аз омӯзгорону кормандони донишгоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бо Сипосномаи донишгоҳ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






