Бахшида ба Рӯзи Модар покизакорони шаҳри Норак қадрдонӣ шуданд
НОРАК, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 март бахшида ба Рӯзи Модар занони Муассисаи манзилию коммуналӣ ва Муассисаи давлатии «Шуъбаи манзилӣ-коммуналӣ ва хоҷагидорӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи шаҳри Норак қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки Рӯзи Модар ҳар сол бо накҳату нафосати баҳорӣ дар арафаи Иди Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Зан-Модар сарчашмаю офарандаи ҳаёт, рамзи покию зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.
Боиси фараҳмандӣ аст, ки дастгирии занон ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ дар меҳвари фаъолияти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат дар ҳар мулоқоту суханрониҳояшон баланд бардоштани нуфузи занонро дар ҷомеа таъкид намуда, масъулини тамоми сохторҳои давлатиро вазифадор менамоянд, ки ба фаро гирифтани занон ба корҳои давлатдорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Дар фарҷом аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба занони ин муассисаҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






