Бо ташаббуси Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд доир ба зеҳни сунъӣ баргузор шуд

Март 8, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 марти соли 2025 дар  қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ибтикори Тоҷикистон чорабинӣ оид ба зеҳни сунъӣ (AI) таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ: Эҷоди имкониятҳо барои рушди устувор – таҷрибаи Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Баргузор гардидани чунин ҳамоиш бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳим барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар муҳокимаи ҷаҳонии зеҳни сунъӣ маҳсуб меёбад.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон — Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо дастовардҳо ва кӯшишҳои Тоҷикистонро дар пешбурди технологияҳои зеҳни сунъӣ муаррифӣ карда, аҳаммияти онҳоро дар рушди устувори Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони доимии давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Марокаш, Озарбойҷон, Баҳрайн, Руминия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Молдова, Индонезия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Сингапур, Русия, Ҳиндустон, Арманистон ва дигар кишварҳо иштирок намуданд. Иштироки васеи намояндагони байналмилалӣ далели таваҷҷуҳи афзоянда ба мавзуи зеҳни сунъӣ ва нақши Тоҷикистон дар рушди он дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ намояндагони доимии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҷриба ва дурнамои соҳаи зеҳни сунъиро дар кишварҳои худ шарҳ дода, зарурати ҳамкории минтақавиро барои истифодаи самараноки ин технология таъкид карданд.

Иштирокчиён аҳаммияти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказиро барои истифодаи босамари зеҳни сунъӣ дар рушди устувор ва пешрафти технологӣ таъкид намуданд.

Иштирокчиён аз ташкили ин чорабинии муҳим изҳори сипос намуда, роҳбарӣ ва саҳми назарраси Тоҷикистонро дар низомҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии зеҳни сунъӣ эътироф карданд.

Ташкили муваффақонаи ин чорабинӣ мавқеи афзояндаи Тоҷикистонро ҳамчун бозигари калидӣ дар рушди технологии ҷаҳонӣ ва уҳдадориҳои онро барои пешбурди рушди устувор тавассути инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тасдиқ кард.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 8, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад