Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 28-29 март доир мешаванд

Март 19, 2025 13:58

ДУШАНБЕ, 19.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 марти соли 2025 бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуда, дар он дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Барқчӣ»-и шаҳри Душанбе бо «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Вахш»-и шаҳри Бохтар бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд байни ҳам рақобат менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 14-16 марти соли 2025 хеле ҷолиб баргузор шуданд. Дар мусобиқаи имсолаи Лигаи олии Тоҷикистон, ки бори 34-ум доир шуд, 12 даста иштирок дорад. Бо сабаби омода набудани майдонҳо ҳамаи бозиҳои даври дуюми мусобиқаи Лигаи олӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дар ду давра доир гардида, ҳар даста 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки имсол дар мусобиқаи Лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба Лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 19, 2025 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад