ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН. Бозиҳои даври сеюми дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардида, то 29 марти соли 2025 идома меёбанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи имсолаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки бори 34-ум доир мегардад, 12 даста иштирок дорад. Бо сабаби омода набудани майдонҳо панҷ бозии даври сеюми мусобиқаи Лигаи олӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва танҳо як бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мегарданд.
Имрӯз, 28 март се бозӣ байни дастаҳои футболи КМВА -и шаҳри Душанбе бо «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Вахш»-и шаҳри Бохтар бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Душанбе ва як бозии дигар байни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Истаравшан баргузор мешаванд.
Ду бозии дигари даври дуюм 29 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор рақобат менамоянд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқа дар ҷадвал дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе, «Вахш»-и шаҳри Бохтар, «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо шашимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои аз якум то чаҳорумро гирифтаанд. Се даста – «Хуҷанд», «Ҳосилот» ва «Панҷшер» – бе имтиёз дар зинаҳои охири ҷадвал қарор доранд.
Чемпионати Тоҷикистон дар ду давра доир шуда, ҳар даста 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки имсол дар мусобиқаи Лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол менамояд, ба Лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.
Оғози ҳамаи бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд.
28 март (ҷумъа)
КМВА – «Ҳулбук»
Оғози бозӣ – соати 15:00
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
28 март (ҷумъа)
«Истаравшан»– «Эсхата»
Оғози бозӣ – соати 16:00
Сардовар: Наврӯз Воҳидов (Вахш)
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ
28 март (ҷумъа)
«Вахш» – «Регар-ТадАЗ»
Оғози бозӣ – соати 18:00
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
28 март (ҷумъа)
«Барқчӣ» – «Панҷшер»
Оғози бозӣ – соати 21:00
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
29 март (шанбе)
«Равшан»– «Хуҷанд»
Оғози бозӣ – соати 15:00
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
29 март (шанбе)
«Истиқлол» – «Ҳосилот»
Оғози бозӣ – соати 18:00
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ








Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд






