Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай бо корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” шинос шуд

Март 15, 2025 19:39

ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ “Ховар” бо истинод ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” хабар медиҳад.

Нурлан Ермекбаев бо ҷараёни корҳо дар иншооти сохташавандаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз наздик шинос шуда, изҳор намуд, ки бунёди ин иншооти муқтадиру муҳташам бо чунин лоиҳаи нодиру камназир барои рушди гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа муфид мебошад.

Дар фарҷоми шиносоӣ Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев дар китоби ифтихории «Роғун-Кохи Нур» соядаст гузошт.

АКС: Неругоҳи барқи обии “Роғун”

Март 15, 2025 19:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 18 ҳазор коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд