Дар Академияи идоракунии давлатӣ доир ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва дурнамои онҳо»-таҳти ин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Дар конференсия иштирокдорон доир ба мавзуъҳои ташкили мактаби илмии пиряхшиносии тоҷик ва эътирофи он дар ҷаҳон ҳамчун раванди иҷрои ташабусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзуъҳои дахлдор сухан намуданд.
Таъкид шуд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи пиряхҳо назаррас буда, маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлати мо дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид якчанд чорабиниҳои байналмилалӣ баргузор ва иқдоми созанда пешниҳод шуданд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд. Дар радифи онҳо Хазинаи боэътимоди байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.
Иброз гардид, ки 12 ноябри соли 2024 Президенти ҷумҳурӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид намуданд, ки «зери таъсири тағйирёбии илқим пиряхҳо, ки нозуктарин объектҳои обӣ мебошанд ва ба таври умум 75 фоизи захираҳои асосии оби тоза ба ҳисоб мераванд, босуръат коҳиш меёбанд. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин масъалаи муҳими глобалӣ амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур мебошанд».
Хушбахтона, Тоҷикистон дорои захираҳои бузург ва беназири сарватҳои обӣ мебошад. Вале бо вуҷуди ин, дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ масъалаҳои экологии вобаста ба об, истифодаи оқилона ва ҳифзи манобеи он, бахусус обшавии пиряхҳо ташвишовар ва нигаронкунанда мебошанд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ рушду тараққиёти бесобиқа пайдо намуд. Дар ин замина барои рушди соҳаи маориф ва илм, пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникаю технология заминаи мувофиқ фароҳам оварда шуд, ки метавонад ба рушди давлат мусоидат намояд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд






