Дар ҳамоиши фарҳангии «Рӯзи либоси миллӣ» дар Женева либосҳои тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуданд

Март 1, 2025 10:24

ДУШАНБЕ, 01.03.2025 /АМИТ «Ховар»/.27 феврал Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева дар «Рӯзи либоси миллӣ», ки дар ҳошияи иҷлосиия 58-уми Шурои ҳуқуқи инсон баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева хабар медиҳад, зимни чорабинӣ гӯшаи миллии мамлакат оро дода шуда, дар он таъриху фарҳанги пурғановати миллати қадимии тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакан, сӯзанӣ, атласу адрас, либосҳои гулдӯзӣ ва таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Меҳмонони намоишгоҳ бо либосу анъанаҳои миллии Тоҷикистон шинос карда шуданд. Иброз гардид, ки чакан, сӯзанӣ, атласу адрас ва либосҳои гулдӯзӣ ҳамчун навъи ҳунарҳои мардумӣ дорои таърихи хеле қадимӣ буда, бо рӯзгор, расму оин ва ҷаҳони маънавии мардуми тоҷик иртиботи зич доранд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева

Март 1, 2025 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 оғоз мегардад
Томас Мануэл: «Тоҷикистон дар самти мушкилиҳои марбут ба обу иқлим давлати пешсаф муаррифӣ гардидааст»
КОНФРОНСИ ЧОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ДУШАНБЕ. Беш аз 100 хабарнигори расонаҳои бонуфузи хориҷӣ рафти онро инъикос мекунанд
Мартин Чунгонг: «Ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба дипломатияи об сазовори дастгирӣ дар ҳама сатҳҳо мебошад»
Донишгоҳи сулҳи СММ саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар сулҳ, рушди устувор ва ҳамкории минтақавӣ қадрдонӣ намуд
Тшилидзи Марвала: «Пешсафии Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи энергияи «сабз» ҷомеаи ҷаҳонро илҳом мебахшад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо як гурӯҳ аз сафирони давлатҳои иштирокдори САҲА мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Валиаҳди Давлати Кувайт мулоқот намуд