Дар ҳамоиши фарҳангии «Рӯзи либоси миллӣ» дар Женева либосҳои тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуданд

Март 1, 2025 10:24

ДУШАНБЕ, 01.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. ​27 феврал Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева дар «Рӯзи либоси миллӣ», ки дар ҳошияи иҷлосиия 58-уми Шурои ҳуқуқи инсон баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева хабар медиҳад, зимни чорабинӣ гӯшаи миллии мамлакат оро дода шуда, дар он таъриху фарҳанги пурғановати миллати қадимии тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакан, сӯзанӣ, атласу адрас, либосҳои гулдӯзӣ ва таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Меҳмонони намоишгоҳ бо либосу анъанаҳои миллии Тоҷикистон шинос карда шуданд. Иброз гардид, ки чакан, сӯзанӣ, атласу адрас ва либосҳои гулдӯзӣ ҳамчун навъи ҳунарҳои мардумӣ дорои таърихи хеле қадимӣ буда, бо рӯзгор, расму оин ва ҷаҳони маънавии мардуми тоҷик иртиботи зич доранд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева

Март 1, 2025 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд