Дар Бадахшон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои об конференсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 март дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ-омили асосии рушди устувор» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вилоят хабар доданд.
Зимни конфронс Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки бо ворид гардидани ҷамъияти инсонӣ ба марҳилаи саноатикунонӣ дар заминаи афзоиши босуръати саноати вазнин, алалхусус саноати химиявӣ таносуби муносибати инсону табиат халалдор гардид.
Иброз гардид, ки рақобатҳои шадиди сиёсӣ, ду ҷанги ҷаҳонӣ, яроқнокшавии бошитоб, кашфи неруи атомӣ ва ихтирои яроқи ядроӣ, истеҳсоли босуръати нафту газ ва ангишт барои гидросфераю атмосфера хатари ҷиддӣ эҷод намуданд.
«Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ду даҳсолаи охир тағйирёбии иқлим ба вуҷуд омада, офатҳои табиӣ ва техногении мудҳиш ба вуқуъ пайваста, ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд ва миллиардҳо доллар ба давлатҳо зарар расид»,-гуфт раиси вилоят.
Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон, ки дар интиҳои асри 20 ба вуқуъ омада, дар ибтидои асри 21 ба авҷи худ расида истодааст, аз минбарҳои баланд аҳли башарро ба он даъват менамоянд, ки нисбат ба тақдири хеш ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд.
Таъкид шуд, ки бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст. Қабул гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза, соли 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» далели бебаҳси ташаббускории ҷумҳурии мо мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои табиати бою гуногунранг буда, аз бойгарии асосии табиӣ, яъне обу ҳавои тоза ғанӣ мебошад, новобаста аз ин кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои тозаю пок нигоҳ доштани муҳити зист ва унсурҳои он чораҷӯӣ намояд.
Инсоният дар ибтидои асри 21 аллакай дарк намуд, ки идомаи чунин муносибат бо табиат метавонад фоҷиаи бузург ба вуҷуд орад. Ҳоло ҳарорати миёнаи муътадили ҳаво, ки мухсусан барои муҳити биологӣ хеле муҳим мебошад, ба ҳисоби миёна аз 1 то 2 дараҷа баланд рафтааст, ки хеле хатарнок аст.
Иштирокчиёни конфронс вобаста ба мавзуъҳои «Аҳамияти ташаббусҳои глобалии Пешвои муаззами миллат барои рушди ояндаи Тоҷикистон», «Ташаббуси Пешвои муаззами миллат-шоҳкалиди ҳифзи пиряхҳо», «Обшавии пиряхҳо ва чораҳои пешгирикунанда барои ҳифз ва устувории онҳо ба тағйирёбии иқлим», «Моҳият ва аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим», «Истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар самти истеҳсоли неруи барқ» ва «Ҳифзи пиряхҳо ва моҳияту аҳамияти ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт» маъруза намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ТАШАББУСКОРИ ҶАҲОНИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар робита ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид
Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» қабул намуд
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои миллии об баргузор гардид
Ташаббуси Тоҷикистон оид ба ҳифзи кафтори рахдор дар COP-20 дастгирӣ ёфт
COP30. Дар Бразилия саҳми Тоҷикистон дар Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъкид гардид
Дар Бразилия барномаҳои Тоҷикистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муаррифӣ карда шуданд






