Дар Бадахшон вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои об конференсия баргузор гардид

Март 18, 2025 15:28

ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/.  17 март дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ-омили асосии рушди устувор» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вилоят хабар доданд.

Зимни конфронс Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки бо ворид гардидани ҷамъияти инсонӣ ба марҳилаи саноатикунонӣ дар заминаи афзоиши босуръати саноати вазнин, алалхусус саноати химиявӣ таносуби муносибати инсону табиат халалдор гардид.

Иброз гардид, ки рақобатҳои шадиди сиёсӣ, ду ҷанги ҷаҳонӣ, яроқнокшавии бошитоб, кашфи неруи атомӣ ва ихтирои яроқи ядроӣ, истеҳсоли босуръати нафту газ ва ангишт барои гидросфераю атмосфера хатари ҷиддӣ эҷод намуданд.

«Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар ду даҳсолаи охир тағйирёбии иқлим ба вуҷуд омада, офатҳои табиӣ ва техногении мудҳиш ба вуқуъ пайваста, ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд ва миллиардҳо доллар ба давлатҳо зарар расид»,-гуфт раиси вилоят.

Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон, ки дар интиҳои асри 20 ба вуқуъ омада, дар ибтидои асри 21 ба авҷи худ расида истодааст, аз минбарҳои баланд аҳли башарро ба он даъват менамоянд, ки нисбат ба тақдири хеш ба таври ҷиддӣ муносибат намоянд.

Таъкид шуд, ки бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим шинохта шудааст. Қабул гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза, соли 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013»,  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»,  Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера» далели бебаҳси ташаббускории ҷумҳурии мо мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои табиати бою гуногунранг буда, аз бойгарии асосии табиӣ, яъне обу ҳавои тоза ғанӣ мебошад, новобаста аз ин кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои тозаю пок нигоҳ доштани муҳити зист ва унсурҳои он чораҷӯӣ намояд.

Инсоният дар ибтидои асри 21 аллакай дарк намуд, ки идомаи чунин муносибат бо табиат метавонад фоҷиаи бузург ба вуҷуд орад. Ҳоло ҳарорати миёнаи муътадили ҳаво, ки мухсусан барои муҳити биологӣ хеле муҳим мебошад, ба ҳисоби миёна аз 1 то 2 дараҷа баланд рафтааст, ки хеле хатарнок аст.

Иштирокчиёни конфронс  вобаста ба мавзуъҳои  «Аҳамияти ташаббусҳои глобалии Пешвои муаззами миллат барои рушди ояндаи Тоҷикистон», «Ташаббуси Пешвои муаззами миллат-шоҳкалиди ҳифзи пиряхҳо», «Обшавии пиряхҳо ва чораҳои пешгирикунанда барои ҳифз ва устувории онҳо ба тағйирёбии иқлим», «Моҳият ва аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим», «Истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар самти истеҳсоли неруи барқ» ва «Ҳифзи пиряхҳо ва моҳияту аҳамияти ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт» маъруза намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Март 18, 2025 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст