Дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистон сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 25.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ барои 120 кӯдак кӯдакистони хусусӣ бунёд мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, кӯдакистон аз ду ошёна иборатбуда, масоҳати умумии замини он 3500 метри мураббаъ мебошад.
Лоиҳаи кӯдакистон бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ ва талаботи замони муосир таҳия шуда, барои таълиму тарбияи кӯдакон шароити беҳтарин фароҳам меорад.
Бояд гуфт, ки айни замон дар деҳоти Навбаҳор як муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дорад, ки дар он 142 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Бо дарназардошти он ки аҳолии деҳот 16 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, таъсиси кӯдакистони нав барои таъмини бештари кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ муҳим мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зехни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад
«OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи маориф ва илм иштирок намуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии маориф – 2026 (Education World Forum — 2026) иштирок намуд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
35 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ 216 иншоот ба истифода дода шуд
Дар Душанбе Форуми наврасони асри технология идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хотири ба Ватан баргардонидани қисмате аз хоки оромгоҳи қаҳрамонон ҳамоиш доир шуд
Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад






