Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд

Март 20, 2025 10:04

БОХТАР, 20.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Дар озмун устодону донишҷӯён ва хонанадагони Литсейи назди донишгоҳ дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти бачагона иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи озмун иброз шуд, ки баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи ташаббусу иқдоми неки Роҳбари давлат барои тавсеаи худшиносию худогоҳии ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба иштирокчиён таассуроти неки худро оид ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ баён намуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Март 20, 2025 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид