Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон оид ба саҳми занон дар рушди энергетика ҳамоиш доир шуд

Март 5, 2025 10:35

ДУШАНБЕ, 05.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар ва бо мақсади ҷалби бештари духтарон барои таҳсил дар бахши  электроэнергетика дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон таҳти унвони «Маълумоти олӣ ба духтарони тоҷик дар соҳаи энергетика» бо иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, занони муваффақи соҳа ва хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамоиш баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки  ин иқдом бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи минтақавии «Мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба ҳамбастагии устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ – SECCA»  гузаронида шуд. Баланд бардоштани огоҳии духтарон барои фаро гирифтани онҳо  ба таҳсил дар бахши электроэнергетика аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш маънидод гардид.

Дар ҳамоиш таҷрибаи аврупоии ҷалби занон ба бахши энергетика, дастоварду комёбиҳои занони тоҷик дар бахши энергетика, иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба дастгирии таҳсили духтарон, бахусус дар соҳаи энергетика, имконоти Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба таҳсил, имконияти фароҳам овардани ҷойи кор барои занон дар бахши энергетикаи мамлакат ва дастовардҳои донишҷӯдухтарони донишкада вобаста ба таҳсил баррасӣ гардиданд.

Баргузории чунин ҳамоишҳо барои ҷалби духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар самти энергетика мутахассис омода менамоянд, шароити мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон дар ин замина аз ҳисоби занону духтарон кадрҳои болаёқат ва соҳибтахассус омода шуда, дар рушди ин соҳаи муҳими иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 5, 2025 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад