Дар Душанбе доир ба саҳми занон дар рушди давлатдории муосири тоҷик ҳамоиш доир шуд

ДУШАНБЕ, 06.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 март дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи омӯзгорзанону донишҷӯдухтарон ва меҳмонон таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди давлатдории муосири тоҷик» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода иброз намуд, ки эълон гардидани Рӯзи Модар дар давлати соҳибистиқлоламон амри тасодуфӣ набуда, ба суннатҳои қадимӣ ва анъанаҳои неки ниёгонамон такя менамояд. Маҳз Модар аст, ки бо қалби бузургу ҳастии хеш ба ин ҷаҳон сидқу сафо ва меҳру вафо мебахшад.
«Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубоне аст, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия менамояд ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некию накукорӣ ва инсондӯстӣ ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани фарзандаш саъю талош менамояд», — баён дошт ӯ.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ занонро ба Рӯзи Модар муборакбод намуда, ёдовар шуд, ки занону духтарон ҳамеша таҳти ғамхорию сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
«Бо боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯзҳо занону духтарони тоҷик дар тамоми сохторҳои давлатӣ дар радифи мардҳо сарбаландона фаъолият менамоянд. Ва ин нишони он аст, ки баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон комилан риоя карда мешавад»,-изҳор дошт муовини Сарвазири мамлакат.
Иброз гардид, ки имрӯз саҳми занон дар рушду пешрафти Парлумони мамлакат низ хеле назаррас аст. Занон дар Парлумон ба ҳайси вакил фаъолият карда, дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамоянд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон