Дар Душанбе масъалаҳои рӯзномаи давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид

Март 1, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо  муовини якуми дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Анфимов мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот атрофи масоили рӯзномаи давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки муовини якуми дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Леонид Анфимов ба ҳайси роҳбари ҳайати мушоҳидон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон қарор дорад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд