Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд оид ба нақши Модар ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ ҳамоиши идона доир шуд

Март 9, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 09.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Модар рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагию нафосат ва сарсабзию таровати онро дучанд меафзояд. Ба ибораи дигар, агар нури Офтоб ҷаҳонро хуррамӣ бахшад, пас Зан-Модар бо меҳру муҳаббат  ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар хонавода аст. Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар — фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагӣ», ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ баргузор шуд, баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса иттилоъ доданд, дар ҳамоиш доир ба нақши занон дар рушди маориф сухан гуфта шуд.

Директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Амирҷон Нурзода иброз намуд, ки симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебою зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару боғурур, ватандӯсту  ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қадру манзалати Зан-Модар чунин таъкид намудаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан – Модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз меҳру садоқат ришта шудааст. Худованд ба Зан-Модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад».

АКС: Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Март 9, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид