Дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар майдони 800-солагии Москва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.
Қабл аз оғози намоиши идона иштирокчиён бо намоишгоҳи расму ойинҳои мардумӣ, дастранҷи деҳқонон, косибону оҳангарон ва таомҳои миллии хоси наврӯзӣ шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид, ки Наврӯзи оламафрӯз- ин ҷашни муқаддас ва файзбори ориёиро, ки давоми ҳазорсолаҳо ҳаёти маънавии миллати тоҷикро ғанӣ мегардонад, аз нав эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Имрӯз бо ифтихор ва шодмонӣ метавон гуфт, ки Наврӯз чун пештара ҷойгоҳи худро соҳиб гардида, дар саросари ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Эҳёи расму оинҳои накӯи Наврӯз ва тарғибу ташвиқи шоистаи он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он собит менамояд, ки Тоҷикистон Ватани Наврӯз ва ворису посдори ин суннати пурифтихори бостонӣ аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд






