Дар масири Душанбе-Бишкек нахустин парвози мустақим анҷом дода шуд

Март 14, 2025 18:23

ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз парвоз дар хатсайри мустақими ҳавоӣ дар самти Душанбе-Бишкек тавассути Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» оғоз гардид. Мусофирони нахустин парвоз дар ин самт гурӯҳе аз рӯзноманигорон, устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибикории Тоҷикистон, кормандони Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», блогерон ва шаҳрвандон буданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ин иқдом бо шарофати гуфтушуниди муваффақонаи Сарони ҳарду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Бишкек доир шуд, амалӣ гардид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе қабл аз шуруи парвоз ҳамоиш бо иштироки масъулин ва намояндагони Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Тавре директори парвозии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Файзулло Сатторов изҳор дошт, барқарор намудани парвозҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмими муҳим дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, инчунин робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Он ҳамзамон ба рушди сайёҳии ду давлати ҳамҷавор мусоидат менамояд.


Дар ҳамоиш ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки минбаъд шуруъ аз 23 март парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе анҷом дода мешаванд.

Вақти парвоз аз Душанбе соати 10:30 ва аз Бишкек соати ​​14:20 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба самти Бишкек 1 соату 30 дақиқа, дар самти баргашт 1 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад.

Оғози парвозҳо дар остонаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз иқдоми хуби роҳбарони ду давлти ҳамсоя ва дӯсту бародар мебошад.


Итминон аст, ки ояндаи наздик ширкат парвозҳоро дар хатсайри Душанбе – Бишкек – Душанбе то ду парвоз дар як ҳафта — рӯзҳои чоршанбе ва якшанбе анҷом диҳад.

Пас аз анҷоми маросими кушодашавӣ соати 09-00 парвоз сурат гирифт ва дар вақти таъйиншуда ба Фурудгоҳи байналмилалии Манаси шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон фуруд омад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Манас масъулини Ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон ва масъулини вазорату кумитаҳои далхдори кишвари мизбон мусофирони хатсайри Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»-ро самимона истиқбол гирифтанд.


Сипас бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб ҳамоиш баргузор гардид.

Раиси Раёсати «ҶСК» Фурудгоҳи байналмилалии Манас Манасбек Самидинов бозкушоии парвозҳои мустақими ҳавоиро байни ду давлати ҳамҷавор қадами муҳим дар самти таҳкими боз ҳам бештари муносибатҳо арзёбӣ карда, иброз дошт, ки мо хеле зиёд интизор будем, то парвозҳои мустақими байни Душанбе ва Бишкек амалӣ бигарданд. Хушбахтона бо иродаи сиёсии Сарони ҳарду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров, ин амал ба воқеият пайваст ва имрӯз дар нахустин парвоз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони Ҷумҳурии Қиризистон гардиданд.


«Дар ҳақиқат ин тасмими муҳим дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, инчунин робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон такони тоза мебахшад ва он ҳамзамон ба рушди сайёҳии ду давлати ҳамҷавор мусоидат менамояд. Рӯзҳои наздик парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Хуҷанд ва Бишкек низ амали хоҳанд гардид» — илова намуд Манасбек Самидинов.

Директори хизматрасонии рӯйизаминии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Қадамшо Миршакаров зимни суханронӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Манас аз талошҳои роҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти барқарории равобити дӯстона байни ду давлат ёдовар шуда, бо хушнудӣ изҳор дошт, ки акнун дар таърихи муносибатҳои ду давлати ҳамсоя саҳифаи нав боз гардид.

«Тавре ҳамагон шоҳид будем, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид ва муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ боз ҳам таҳким ёфтанд. Хушбахтона баъди ин мулоқоти таърихӣ хатсайрҳои ҳавоӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Албатта ин ин иқдомҳо бо шарофати гуфтушуниди муваффақонаи Сарони ҳарду давлат амалӣ шуданд» — иброз дошт Қадамшо Миршакаров.


Ҳамчунин дар ҳамоиш тавассути ролики таблиғотӣ имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон муаррифӣ карда шуд.

Дар ҳақиқат тоҷикону қирғизҳо ҳамчун ду миллати дӯсту бародар солҳои тулонӣ дар ҳамсоягӣ умр ба сар мебаранд ва кору фаъолият менамоянд. Ноҳияҳои наздимарзӣ ҳамчун хешу пайвандони бо ҳам наздик рафтуомад намуда, паҳлуи ҳам дар тамоми лаҳзаҳои рӯзгор қарор доранд. Ҳамчунин аъзои хонаводаҳое ҳастанд, ки дар ду тарафи марз умр ба сар мебаранд. Ҳамин аст, ки бозкушоии парвозҳои мустақими ҳавоӣ ва фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ боиси шодии зиёди мардум гардид. Яке аз он хонаводаҳое, ки дар нахустин парвози мустақим ба дидори фарзанди худ сафар намуд, ин Эргаш Муъминов ва ҳамсараш Қундуз Муъминова буданд. Солиёни зиёдест, ки писарашон дар шаҳри Бишкек кору зиндагӣ мекунад ва имкони дидорбонӣ барояшон кам муяссар мегардид. Акнун на танҳо барои ин хонавода, балки барои кулли мардуми ҳар ду ҷониб имконият фароҳам оварда шуд, то ба давлатҳои ҳамдигар сафар намоянд ва дар таҳкими дӯстию рафоқат саҳм гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки 13 март пас аз анҷоми музокирот дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар назди намояндагони васоити ахбори омма бо изҳорот суханронӣ намуда, аз бозкушоии хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон иттидоъ доданд.

Ҳамин тариқ 14 март Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин парвози мустақимро дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе анҷом дод.


Саидҷаъфар АШУРЗОДА,

Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Март 14, 2025 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба маблағгузории «сабз» баррасӣ гардид
Ширкатҳои чинӣ барои бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ҷайҳун рӯнамо пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир хостори таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика гардиданд
Барномаи маърифати экологӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба амалиёт бо сангу металлҳои қиматбаҳо Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самти содирот Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Ширкати ҳавопаймоии «Kish Airlines»-и Эрон ба самти Душанбе парвозҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро дар соҳаи кишоварзӣ вусъат мебахшанд
Протокол оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид
Тавсеаи ҳамкории кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд баррасӣ гардид
РОҲ БА СӮИ БИШКЕК. 14 март «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба самти Бишкек оғоз менамояд