Дар ноҳияи Муъминобод ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳашарҳои экологӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва таъмини покизагии ҳудуди шаҳрак, маҳалла, соҳили дарёю каналҳо, назди ташкилоту идора ва муассисаҳо дар ноҳияи Муъминобод пайваста ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» мегузаронанд.
Тавре директори Корхонаи фаръии манзилию коммуналии ноҳия Ҳақназар Забирзода ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, барои амалӣ намудани ҳашари экологӣ аз ҷониби кормандони ин корхона дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия зиёда аз 300 бех ниҳоли сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд. Инчунин атрофи боғ тоза карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди корхона дар 1 гектару 20 садяк замин хоҷагии ёрирасон мавҷуд аст. Дар он 2500 бех қаламчаи ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили ниҳолҳои зардолу, шафтолу, гелос, себ ва гулу гулбуттаҳои гуногуни ороишӣ парвариш меёбанд.
Барои гузаронидани ҳашари экологии «Тозагии маҳал» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Дар ҷамъбасти мавсим маҳаллаҳо ва кӯчаҳои беҳтарин бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






