Дар Панҷакент иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм баррасӣ гардид

Март 26, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Рафти иҷрои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар ҷаласи васеи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Дар ҷаласа ҳозирин вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар мавзуъҳои муҳим сухан гуфтанд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки  интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз воситаҳои асосие мебошанд, ки гурӯҳу ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо истифода аз онҳо ва паҳн кардани ҳар гуна сабтҳои видеоӣ ва наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан наврасону ҷавононро, ки ҳолати равониашон ҳанӯз комил нест, ба сафи худ ҷалб менамоянд. Барои ба доми фиреби онҳо наафтодан наврасону ҷавонон ва волидайнро зарур аст, ки фарҳанги истифодаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ ва манфиату зарари онҳоро донанд, аз интернет самаранок ва мақсаднок истифода бурда, донишҳои техникиву технологиашонро мустаҳкам намоянд. Бояд падару модар, ки таъминкунандаи телефонҳои мобилӣ ва маблағи интернети фарзанд мебошанд, пайваста назорат намоянд, ки фарзандашон дар ин фазои маҷозӣ бо киҳо суҳбат мекунад, чӣ гуна маводро меписандад ва назарашро чӣ гуна баён менамояд.

Ҳамчунин иброз гардид, ки тибқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бояд дар ҳар ташкилоту муассиса, ҷомеаи меҳнатӣ, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр, ҳар оила ба хотири эмин доштани ҷомеа аз ин хатар, таҳкими сулҳу субот, тарбияи насли худшиносу ватандӯсту бомаърифат, ҳифзи манофеи миллат ва давлат бо камоли масъулият муносибат намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Март 26, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТЕРРОРИЗМ — ВАБОИ АСР. Дар Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт вобаста ба ин мавзуъ вохӯрӣ доир шуд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дар мавзуи пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вохӯрӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вобаста ба ифротгароии динӣ ва роҳҳои пешгирии он дар маҳал конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
БАРОИ АЗ БАНДИ ХУРОФОТ РАҲО ШУДАН ЧӢ БОЯД КАРД? Андешаи чанд нафар намояндагони касбу кори гуногун дар ин мавзуъ
Чӣ бояд кард, то шахс ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ наафтад?
Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД! Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид