Дар шаҳри Турсунзода Маркази саломатии деҳавии «Саркор» ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 30.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода бо иштироки меҳмонону роҳбарияти шаҳр ва сокинони ҷамоат Маркази саломатии деҳавии «Саркор» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Маркази саломатии деҳавии «Саркор» бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва маблағгузории ҶДММ «Сардор-2008» бунёд гардидааст. Он аз 18 ҳуҷра ва як маҷлисгоҳ иборат буда, утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти нави тиббӣ, мизу курсӣ ва ҷевонҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. 20 корманди ин маркази саломатӣ ба 14 101 нафар сокинони 8 деҳаи ҷамоат хизмати тиббӣ мерасонанд.
Бинои нави муассисаи тандурустӣ дорои шароити муосири ташхису табобат буда, ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасониии тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида шудааст.
Бахшида ба ҷашни таърихии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода ҳамчунин биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар намуди иншоот ба истифода дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






