Дар Суғд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Март 17, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 17.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Бӯстон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд, дар гимназияи №2, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистони шаҳри Бӯстон даври якуми озмун дар сатҳи баланд ва бо иштироки васеи хонандагону донишҷӯён доир шуд.

Тибқи Низомномаи озмун,  дар даври якум   донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) танҳо дар маҳалле иштирок карда метавонанд, ки муассисаи таълимӣ ва ё илмиашон дар ҳамон маҳал қарор дорад. Аз ин рӯ дар ин озмун донишҷӯён ва магистрантон  низ иштирок намуданд.

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи марти соли 2025 то моҳи ноябри соли 2025 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

— даври якум — моҳи март дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.

— даври дуюм — нимаи аввали моҳи май дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо.

Эзоҳ: даври дуюми озмун аз ҷониби намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад;

— даври сеюм — моҳи август дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.

— даври чоруми озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм моҳи ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ».

Ёдовар мешавем, ки соли ҳафтум аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Март 17, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст