Дар Тоҷикистон банаворгирии филми ҳунарии «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл» оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардории филми нави ҳунарӣ бо номи «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Ин филм ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида шуда, дар баробари қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик дар майдони набард инчунин нақши мардуми тоҷикро дар ақибгоҳ қисса менамояд.
Ҳамчунин филми «Моҳӣ барои рафиқ Черчилл» бо сабку услуби хоси худ дар баробари рӯнамоии саҳнаҳои таърихӣ саҳнаҳои ҷаззоб ва ҳаяҷонангезро низ фаро мегирад.
Яке аз сужаҳои филм ин аст, ки бар асоси маълумоти таърихӣ, Черчилл, ки ошиқи таоми белмоҳӣ буд, хоҳиш менамояд, ки барои хӯроки шом ин навъи нодири моҳиро дастрас намоянд. Ба назари ӯ, ин моҳӣ танҳо дар гӯшаҳои дурдасти Миссисипии Амрико ёфт мешуд. Аммо дар муддати кӯтоҳ хоҳиши ӯ иҷро шуда, белмоҳии хостааш аз дарёи Панҷи Тоҷикистон дастрас карда мешавад.
Ба иттилои масъулини Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», тамошобинон метавонанд интизори филми ҷолиб ва таърихӣ бошанд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






