ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар участкаи интихоботии №1- и ноҳияи Фирдавсӣ 435 нафар ба номзадҳои арзандаи худ овоз доданд

Март 2, 2025 10:39

ДУШАНБЕ, 02.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 06:00 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ба мисли дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф дар участкаи интихоботии №1- и ноҳияи Фирдавсӣ ба тарафдории номзадҳои арзандаи худ овоз дода, мушоҳидаҳои худро аз ҷараёни овоздиҳии сокинон дар ин участкаи интихоботӣ иброз намуд.

Тавре масъулини комиссияи интихоботӣ иттилоъ доданд, дар ин участкаи овоздиҳӣ 2999 нафар шаҳрвандон ба қайд гирифта шудаанд. То соати 9:00 435 нафар сокинон аллакай ба номзадҳои арзандаи худ овоз доданд, ки 14,5 фоизи овозҳоро ташкил медиҳад.

Яке аз овоздиҳандагони ин участка Файзигул Самадова, ки бо келин ва се набераи хурдсолаш омада буд, чунин иброз дошт: «Мақсади мо аз овардани наберагонамон ба интихобот он аст, ки мехоҳем онҳо аз хурдӣ масъулияти худро дар назди Ватану миллат эҳсос намоянд ва дарк кунанд, ки падару модарашон барои ояндаи хуби онҳо бетараф нестанд. Аз ҷиҳати дигар иштироки якҷояи мо бо фарзандону наберагон барои онҳо хотирмон гашта, барояшон намунаи ибрат мешавад. Онҳо бояд аз хурдӣ дарк намоянд, ки интихобот чорабинии муҳими сиёсӣ буда, интихоби беҳтаринҳо ба вакилӣ барои фардои дурахшони Ватан мусоидат менамояд», — гуфт Файзигул Самадова.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2024 «Дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе» ва қарорҳои дахлдори Комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе 70 ҳавза ва 250 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 2, 2025 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСӢ. То соати 12:00 шумораи овоздиҳандагон дар Тоҷикистон 59 фоизро ташкил дод