Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапайро бошукуҳ таҷлил намуданд

Март 27, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 27.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи мамлакат Наврӯзи оламафрӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Дар оғози ҳамоиши ҷашнӣ доир ба иқдому ташаббусҳои созанда ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба  ҷаҳонишавии Наврӯзи хуҷастапай сухан гуфта шуд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода иброз дошт, ки «Наврӯз рӯзи пирӯзӣ аст, пирӯзии нав бар кӯҳна, нур бар торикӣ, ростӣ бар дурӯғ ва расми хуҷастаи фарҳангие аст, ки наслҳои имрӯзаро аз як сӯ ба таърих ва аз тарафи дигар ба ояндаи умедбахш мепайвандад ва бо тамоми расму оинҳои хоси худ аз ягонагии маънавӣ ва тамаддуни бойи таърихии миллати тоҷик дарак медиҳад».

Тавре иттилоъ дода шуд, дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ байни хизматчиёни ҳарбии дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, навъи қӯшунҳо, муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ва дигар ҷузъу том аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқа баргузор гардида буд. Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ он натиҷагирӣ ва ғолибони мусобиқа бо Ҷому ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ҳунармандони ансамбли «Шараф»-и шуъбаи фарҳанги маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи мамлакат бо барномаи рангини консертӣ ба чорабинии фарҳангӣ-фароғатии наврӯзии низомиёни мамлакат шукуҳи хосса зам намуданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ! Суратгузориш аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин ҷашни ҷаҳонӣ дар пойтахт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад