Дар вилояти Суғд бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон ва Қирғизистон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид

Март 29, 2025 11:04

ДУШАНБЕ, 29.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 март дар Осоишгоҳи «Баҳористон»-и вилояти Суғд бо иштироки аҳли фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» барномаи фарҳангии бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

«Шоми дӯстӣ» дар доираи ҳамоишҳои наврӯзӣ баргузор гардида, ҳадаф аз он таҳкими робитаҳои дӯстона ва фарҳангӣ байни давлатҳои ҳамсоя мебошад.

Иброз гардид, ки Наврӯз дар ҷаҳон чун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ шинохта шуда, дар тақвияти муносибат байни халқҳо нақши муҳим мебозад.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи беш аз шашҳазорсола мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест.

Ҳамоиши «Шоми дӯстӣ» дар фазои гарму дӯстона ба поён расида, барои иштирокчиён дастархони идонаи наврӯзӣ густурда шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 29, 2025 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд