Дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ баргузор шуд

Март 13, 2025 13:26

ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар ипподроми Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Дар мусобиқа варзишгарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҷумҳуриҳои Узбекистону Қирғизистон иштирок намуданд. Дар мусобиқаи пойга ва бузкашӣ човандозону паҳлавонон маҳорат нишон дода, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.

Мусобиқаи пойга ва бузкашӣ ҳамчун суннатҳои деринаи наврӯзӣ барои густариши варзиш гузаронида мешаванд. Дар доираи чорабиниҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дӯстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ ҳамасола бозиҳои миллии пойга ва бузкашӣ ташкил карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар  вилояти Суғд барои рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла соҳаи асппарварӣ барномаҳои дахлдор қабул гардида, ҳамасола саршумори аспҳои зотӣ афзун мегардад. Ба ҳолати 1 марти имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 9004 сар асп парвариш карда мешавад, ки аз он 1811 сар ба бахши кишоварзӣ ва 7193 сар ба бахши хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 13, 2025 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад