Дар вилояти Суғд мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар ипподроми Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои миллии пойга ва бузкашӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар мусобиқа варзишгарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҷумҳуриҳои Узбекистону Қирғизистон иштирок намуданд. Дар мусобиқаи пойга ва бузкашӣ човандозону паҳлавонон маҳорат нишон дода, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.
Мусобиқаи пойга ва бузкашӣ ҳамчун суннатҳои деринаи наврӯзӣ барои густариши варзиш гузаронида мешаванд. Дар доираи чорабиниҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ, афзун намудани сафи дӯстдорони табиат ва рушди соҳаи асппарварӣ ҳамасола бозиҳои миллии пойга ва бузкашӣ ташкил карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Суғд барои рушди соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла соҳаи асппарварӣ барномаҳои дахлдор қабул гардида, ҳамасола саршумори аспҳои зотӣ афзун мегардад. Ба ҳолати 1 марти имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 9004 сар асп парвариш карда мешавад, ки аз он 1811 сар ба бахши кишоварзӣ ва 7193 сар ба бахши хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Кӯлоб барномаи бошукуҳи варзишию фарҳангӣ доир шуд
Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид






