Давлати Қатар имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ дар роҳи таҳкими амнияту субот муҳим арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Қатар имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ дар таҳкими амнияту субот муҳим медонад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Давлати Қатар имзои созишномаро дар бораи демаркатсияи сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар роҳи таҳкими амнияту субот дар ҳарду кишвар ва минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мешуморад.
Вазорати корҳои хориҷӣ азми ҳарду мамлакат ва талошҳои онҳоро барои ҳалли масъалаҳо тавассути муколама баланд арзебӣ намуда, ба ин васила ҳамкории созандаеро, ки ба манфиатҳои умумии онҳо ҷавобгӯ аст, пеш мебарад.
Вазорат бори дигар изҳор медорад, ки Давлати Қатар тамоми талошҳоро барои ҳалли баҳсҳо ва низоъҳо бо воситаҳои осоишта бо мақсади таҳкими сулҳ ва амният ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ пурра дастгирӣ менамояд», — гуфта шудааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.








Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд






