Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният дар минтақа ва ҷаҳон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид

Март 16, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 март дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақа ва ҷаҳон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хабар доданд.

Ҳамоиш бахшида ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуда, дар он ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки ташаббусҳои сулҳофаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким бахшидани амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва робитаҳои дӯстии мардумони кишварҳо беназир мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш иштирокдорон дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — шахсияти сулҳофар», «Созишномаи таърихӣ: чӣ гуна сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро тағйир дод», «Зарурат ва дурнамои сиёсати дарҳои кушодаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон» ва «Аҳамияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва стратегии сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон» маърӯза намуда, таъкид доштанд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон рӯйдоди муҳиму таърихӣ мебошад, ки дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар нақши калидӣ дорад.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон решаҳои амиқи таърихиву фарҳангӣ дошта, халқҳои ду кишвар замони мадид боз бо ҳам робитаи зичи тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пеша намуда, дар фарози таърих ҳамеша дӯстиву бародариро ҳифз кардаанд. Дар замони муосир низ ин раванд идома дорад ва бо талошҳои роҳбарияти ҳарду давлат ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун густариш меёбад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Март 16, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид