Доир ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи саноат созишнома ба имзо расид

Март 18, 2025 13:34

ДУШАНБЕ, 18.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дар ҳузури Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Русия табодул карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

Ин санад бо мақсади таҳким ва густариши ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Русия  дар самти рушди соҳаи саноат ва технологияҳои нав барои фароҳам овардани заминаи устувор бобати истифодаи босамари зарфияту иқтидори ҳамкорӣ ва мусоидат ба танзими муштараки намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ ба имзо расонида шудааст.

Ҳамзамон он ба ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ ба соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, сохтмон, маъданҳои кӯҳӣ ва мошинсозӣ тавассути таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва татбиқи амалии онҳо барои ба кор даровардани иқтидори нави саноатӣ ва ба ин восита зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазири ба содирот нигаронида мусоидат менамояд.

Табодули Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия ба боз ҳам тақвият ёфтани муносибатҳои дутарафа дар соҳаи саноат  нигаронида шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 18, 2025 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд