Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар рейтинги ҷаҳонии донишгоҳҳои «сабз» қадамҳои устувор мегузорад

Март 22, 2025 09:45

ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти «UI GreenMetric World University Rankings» вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон омодагии худро вобаста татбиқи технологияҳои «сабз», баланд бардоштани масъулияти иҷтимоӣ ва ҳамгироӣ ба фазои таҳсилот иброз намуда, барои иштирок дар ин рейтинги бонуфузи донишгоҳҳои «сабз» ба таври расмӣ дархост пешниҳод намуд.

Роҳбарияти «UI GreenMetric» бо дарназардошти татбиқи технологияҳои «сабз» дар раванди таълим, усулҳои ESG ва рақамикунонӣ баҳои баланд дода, бо боварӣ пешниҳод намуд, ки донишгоҳ ҳамчун ҳамоҳангсози миллӣ дар доираи рейтинги болозикр интихоб гардад.

Дар вохӯрӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ташаккули муҳити таълимии инноватсионӣ ва экологӣ қадамҳои устувор мегузорад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 22, 2025 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид