Дар Душанбе намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ Гюнтер Уэккер ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 10.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ Гюнтер Уэккер ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Ташкилоти санъат ва фарҳанги байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар мулоқоти Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо роҳбарони Ташкилоти санъат ва фарҳанги байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Афшин Дерамбахш ва Тилл Брекнер дар Душанбе баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ ва эҷодӣ баргузор намудани намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ Гюнтер Уэккер дар Осорхонаи миллӣ баррасӣ гардид.
Дар назар аст, ки намоиши асарҳои рассом ва муҷассамасози машҳури олмонӣ Гюнтер Уэккер моҳи майи соли равон дар яке аз толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид






