Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаевро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаевро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари Созмон давоми 24 сол ва ҳамкории кишварҳои аъзо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки “Тоҷикистон аз раванди навсозии ҳамаҷонибаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки бо қарори сарони давлатҳои аъзо оғоз ёфтааст, фаъолона дастгирӣ менамояд.
Ба рушди ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, молия ва бонкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Масъалаҳои таъмини амну субот, мубориза бо терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории созмонёфтаи фаромилӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо ба минтақа аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Ҳамчунин оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2030 ва аҳамияту афзалияти ташкили Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе табодули афкор сурат гирифт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд






