Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои сулҳ ва ваҳдат дар минтақа

Март 26, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 26.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имзои Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ рӯйдоди таърихӣ ва муҳим барои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин санади тақдирсоз на танҳо ба поёни ихтилофоти сарҳадӣ байни ду давлати ҳамсоя мусоидат намуд, балки шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари сулҳпарвар ва хирадманд дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ намуд.

Сулҳ ҳамчун пояи устувори миллӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлати Тоҷикистон ҳамеша бар ин назар мебошанд, ки сулҳ ва ваҳдат асоси рушди ҳар миллат аст. Таҷрибаи Тоҷикистон дар солҳои 90-ум ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ нишон доданд, ки танҳо тавассути гуфтугӯ, ҳусни тафоҳум ва дипломатия метавон мушкилоти мураккабро ҳал кард, на бо зӯри силоҳу қатлу куштор. Ин таҷрибаи нодир, ки дар сулҳи тоҷикон таҷассум ёфта буд, дар раванди гуфтушунидҳо бо Қирғизистон низ нақши калидӣ бозид.

Масъалаҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон борҳо сабаби нофаҳмӣ ва муноқишаҳои ҷузъӣ мегардиданд. Ин ихтилофҳо на танҳо ба равобити ду давлат, балки ба ҳаёти сокинони маҳаллӣ низ таъсири манфӣ мерасониданд. Бо вуҷуди ин ҷонибҳо ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки роҳҳои дипломатии ҳалли масъалаҳоро пайдо намоянд.

Бо ташаббуси Сарони  давлатҳо ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон мулоқотҳои пайваста баргузор намуда, масъалаи мазкурро баррасӣ намуда, онро ниҳоӣ намуданд. Имзои шартнома на танҳо ҳалли ихтилофи мавҷударо таъмин кард, балки барои таҳкими ҳамкории ду давлат дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ замина гузошт.

Таъсири байналмилалӣ ва истиқболи ҷаҳонӣ

Имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун дастоварди бузурги дипломатӣ истиқбол гардид. Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва якчанд кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Фаронса, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Туркия, Озарбойҷон, Баҳрайн ва Эрон аз ин иқдом пуштибонӣ намуда, онро намунаи ҳалли низоъҳо дар асоси гуфтугӯҳои созанда номиданд.

Аз ҷумла, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ду давлатро бо ин дастоварди таърихӣ таҳният гуфта, роҳбарӣ, азми қавӣ ва иродаи сиёсии онҳоро барои муваффақона ба анҷом расонидани раванди музокироти дарозмуддат баланд арзёбӣ намуд. Ҷониби ИМА дар ин маврид чунин иброз доштааст: «Ҳалли баҳсҳои марзӣ яке аз душвортарин вазифаҳои дипломатӣ аст, ки як ҳукумат метавонад анҷом диҳад».

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаев зимни вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин рӯйдоди муҳим истиқболи самимӣ намуд. Ӯ таъкид намуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай яке аз аввалинҳо шуда, аҳамияти таърихии ин рӯйдодро баён намуд ва нақши онро дар таҳкими сулҳу субот ҳам дар минтақа ва ҳам дар фазои ин созмон муҳим арзёбӣ намуд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин иқдоми хирадмандона бори дигар нишон доданд, ки на танҳо роҳбари як давлат, балки шахсияти таъсиргузор дар сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошанд. Қобилияти Пешвои миллати тоҷикон дар идоракунии дипломатӣ ва ҳалли мушкилоти душвор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохт, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳ ва ҳамкорӣ аст.

Натиҷа ва дурнамои равобити ду кишвар

Имзои Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ оғози марҳилаи нав дар ҳамкории дуҷониба мебошад. Ин санад на танҳо роҳро барои рушди равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ боз менамояд, балки ба зиндагии мардуми ҳар ду давлат низ таъсири мусбат мерасонад.

Таҷрибаи Тоҷикистон дар сулҳофарӣ метавонад барои дигар кишварҳое, ки бо низоъҳои марзӣ рӯбарӯ ҳастанд, намунаи ибрат бошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии худ бори дигар исбот намуданд, ки сулҳро метавон тавассути гуфтугӯ, ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ таъмин кард.

Ҳамин тавр, Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ на танҳо рӯйдоди муҳим барои Тоҷикистон ва Қирғизистон, балки қадами бузург барои суботи минтақавӣ ва таҳкими равобити дӯстона дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Маҳмуд МИРЗОЁН, 
мудири бахши котиботи Вазорати энергетика ва захираҳои об

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон/бойгонӣ

Март 26, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
ДЕВДАРА ГУЛДАРА ШУД! Ва ё чӣ тавр бо талоши Пешвои миллат он роҳи камраву касногузар ба шоҳроҳи ваҳдат табдил ёфт
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад