Эмомалӣ Раҳмон: «Яке аз бузургтарин ҳикмати моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр расидан ба қадри неъматҳо мебошад»

Март 29, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр иброз доштанд, ки яке аз бузургтарин ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон ва иди саиди Фитр расидан ба қадри неъматҳо мебошад. Бинобар ин, мо бояд хуб дарк намоем ва дар хотир дошта бошем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асоси ҳаёти орому осудаи ҳар оила, ҳар фарди ҷомеа ва шарти муҳимтарини рушду пешрафти мамлакат мебошад.

Сарвари давлат бо дахли ин масъала изҳор намуданд, ки махсусан дар шароити бесуботу буҳронии ҷаҳони муосир, ки истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии сайёра таҳти хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст, ҳар яки моро зарур аст, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеа кӯшиш намоем ва барои ҳимояи неъмати бебаҳои зиндагиамон –истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он ҳамеша омода бошем.

«Мо – тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз бояд шукрона кунем, ки соҳибдавлату соҳибватан ва соҳиби таърихи бостонӣ ҳастем»,-иброз намуданд Пешвои миллат.

Ҳамчунин Роҳбари давлат иброз доштанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолу маҳбуби мо аъзои комилҳуқуқи кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва баробари тамоми кишварҳои дунё соҳиби як овоз мебошад, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои онро дастгирӣ ва пуштибонӣ мекунад ва давлати мо имрӯз дар ҷодаи ободиву пешрафт қадамҳои устувор мегузорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 29, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид