Форуми ҷавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Март 19, 2025 16:02

ДУШАНБЕ, 19.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар доираи барномаи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон бо иштироки ҳайатҳои васеи се давлат таҳти унвони «Ҳамкорӣ барои рушди устувор» Форуми ҷавонони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни кушодашавии форум Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Раиси вилояти Суғд сухан гуфта, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкорӣ байни ҷавонони се давлати ҳамсарҳаду ҳамсояи дӯст дар доираи форум барору муваффақият таманно намуданд.

Давоми рӯз дар доираи ҷаласаҳои форум байни ҳайатҳои ҷавонони иштирокчии се давлат мавзую масъалаҳои ҳамкории ҷавонон чун  калиди рушди устувор, рушди соҳибкории ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва устуворӣ дар роҳи ҳалли мушкилот, мушкилоти экологии минтақа аз нигоҳи ҷавонон, масъалаи муаррифии ташаббусҳои муштараки таҳияшуда ва харитаи роҳи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 19, 2025 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд